Категории раздела

Мақолаҳои исломи [3]
Хадис [0]
Таърихи саҳобагон [0]

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 24.06.2025, 05.30.11
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Каталог файлов


Главная » Файлы » Мақолаҳои исломи

Илм ва дин
18.11.2011, 15.06.14

Илм ва дин

Илм ва дин аз оғози ҳаёти башар бо инсон ҳамроҳ будаанд.  Барои посухгӯӣ ба чигунагӣ ва чароии оламу инсон ба башар кӯмак кардаанд.  Дин дар ин замина гузинаи  муносибе буда, аз ӯҳдаи ин корҳо баромадааст.  Аз тарафи дигар зеҳни ҷустуҷӯгар ва кунҷкови инсон дар пайи кашфи илал ва авомили бархе воқеаҳои табиӣ ва рӯйдодҳои муҳити худ буда, ки дар ин роҳ натоиҷи хуберо ба даст оварда, бо гузашти замон ва такмилу тасҳеҳи он натоиҷ илмро ба вуҷуд овардааст.  Аз ҷумлаи ин мавридҳо метавон ба хушию осоиши башар ва дар пайи он ҷангҳо ва сулҳҳои гуногуни қудратҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ, низомӣ ва ғайра ишора кард. Мавридҳое, ки дар онҳо дин нақши аслиро доштааст ва натоиҷашон пайдоиш ва густариши илм будааст.

Илме, ки дар масири тағйиру таҳаввули зиндагии башар нақши бузурге доштааст. 

Илму дин дар тӯли таърих дар канори ҳам ҳамеша бо инсон ҳамроҳ будаанд. Дар канори ҳам будани ин ду бо ҳам дар тӯли таърих дар зеҳни инсонҳо ду саволи аслиро эҷод кардааст.

1. Оё дин бар илм ва натоиҷи илмӣ таъсир доштааст?

2. Оё илм бар масоили динӣ ва ё бардошту фаҳми мо аз масоили динӣ таъсир доштааст?

Дар ин мақола  мо талош мекунем ба ин ду савол посух пайдо кунем.

Аввалин бор тақобули илму дин дар даврони ренисонси Аврупо ба таври ҷиддӣ матраҳ шуд, ки бар ҳарду, яъне ҳам илму ҳам дин таъсироти зиёде гузошт. Ин давра дар Аврупо давраи ҳокимияти калисо ва дини масеҳият буд, ки худро раҳоибахши башар медонистанд.  Даврае, ки дар таърихи Аврупо ба унвони даврони сиёҳ ва анвои фақру фасоду бадбахтӣ шинохта мешавад. Калисо бо такя бар эътиқодоти ғалати мардум онҳоро ғорат мекард ва ба исми фуқаро сарвати зиёде ҷамъ кард, вале ҳамаи он танҳо барои арбобони калисо масраф мешуду халос. Ба далели мамнӯияти издивоҷ дар миёни роҳибон фасод ва фаҳшо дар калисо ривоҷ ёфт ва чеҳраи поку зебои динро олуда намуд. Дину калисо дар миёни мардум ба унвони як органи фосид ва золим муаррифӣ шуда буд.

Аммо бештарин зарбаро калисо замоне хӯрд, ки бо илм ва донишмандон ба муқобила пардохт. Назарияҳои қадимии илмӣ,  монанди заминмарказӣ  ва мусаттаҳ будани замин дар он замон бисёр роиҷ ва бисёре аз мавзӯоти муқаддаси динӣ бар асоси онҳо тафсир шуда буд, ба ҳамин хотир  ба муқаддасоти динӣ табдил шуда буданд.

Вақте Кеплер эълон кард, ки замин маркази олам нест, балки ҷузъе аз як маҷмӯаест, ки ҳеҷ марказияте нисбат ба дунё надорад, калисо бо ин сухан ба шиддат ба мубориза пардохт. Зеро тафсирҳои Китоби муқаддас бар ин назария муттакӣ буданд ва исботи ин назария мушкилоти бузургеро барои калисо ва роҳибон ба вуҷуд меовард. Ба ҳамин хотир Кеплер тавассути калисо ба додгоҳ кашида шуд. Вақте  Галилей низ назарияи курравӣ будан ва давр задани заминро матраҳ кард, калисо боз чунин хатареро эҳсос кард ва дар додгоҳе Галилейро маҷбур карданд, ки сухани худро пас гирад ва мункири суханҳои худ шавад. Аммо ҳамон тавре ки худи Галилей гуфт: ин эътироф заминро аз ҳаракат боз надошт ва замин  ҳамчунон мечархид ва мечархад. Бо ба вуҷуд омадани чунин назарияҳои илмӣ ва муқобилаву муборизаи калисо бо онҳо муборизаи илму дин ба ҷойҳои ҳассосе расид. Мардум ҳам агарчи дар зоҳир чизе намегуфтанд, вале дар ботин ба илм бештар аз калисо бовар ва тамоюл доштанд. Зеро онҳо илмро медиданд, ки дастовард ва натоиҷаш рифоҳу осоиш барои мардум буд,  вале калисо барои мардум ба ҷуз фақру бадбахтӣ чизи дигаре надошт, ки бидиҳад.

Калисо муҳитро тавре сохта буд, ки ҳар кӣ бо илму дониш сару кор медошт, душману мухолифи калисо дониста мешуд. Ба ҳамин хотир илм ва дин дар ду тараф ва муқобили ҳам қарор гирифта буданд.

Ҳатто ин фазои эҷодкардаи калисо ба ҳадде нобоварӣ ва нафратро зиёд кард, ки донишмандони аврупоӣ дар дили замин оғоз ба кофтан карданд, то аслу решаи худро пайдо намоянд. Махсусан, баъд аз пайдоиши "назарияи такомул" (эволюция)-и  Дарвин ин талошҳо ба авҷи худ расиданд. Вақте Дарвин инсонро шакли такомулёфтаи як навъ маймун донист ва барои назарияи худ истидлолҳои зиёде ҳам овард, мубориза ва муқобила дигар танҳо байни илму калисо набуд , балки ба тақобули адён ва илм ба вуҷуд омад. Ин назария зарбаи бузурге бар калисо ва ҳатто дигар адён ворид намуд.

Аммо баъдан дар худи ҳамон Аврупо назариёти дигаре ба вуҷуд омад, ки илҳомгирифта аз назарияи такомули Дарвин буданд, вале дар охир ба гунае онро рад мекарданд.

Барои мисол назарияи «Big Bang» (Таркиши бузург) бар ин асл устувор аст, ки 13 милиард сол пеш бар асари инфиҷори куррае мутароким аз энергия ва модда ҷаҳони имрӯз оғоз ба шаклгирӣ намуд. Пайдоиши атомҳо ва ҳуҷайраҳо ҳама кашфиёти илмӣ ва ин назарияҳо низ назариёти илмӣ ҳастанд , аммо натиҷагирие,  ки аз ин назарияҳо мешавад муҳим аст. Яъне ҳамеша натиҷагирии инсонҳо бар асоси эътиқодот ва пешфарзҳои зеҳнии онҳо сурат мегирад. Масалан, мо вақте назарияи илмиеро мехонем ё таҳлил мекунем онро бо меъёрҳои эътиқодӣ ва пешфарзҳои зеҳниамон татбиқ медиҳем.

Ба ҳамин хотир мо даврони ренисонсро шарҳ додем,  ки фазои он давра як фазои комилан зидди динӣ будааст. Бинобарин  натоиҷи назарияҳои илмӣ дар он замон ҳам таҳти таъсири чунин афкор ва эътиқодоте шакл гирифтаанд. Ҳамчунин бояд фаромӯш накунем, ки аксари назарияҳои илмӣ баъд аз он ҳам таҳти таъсири чунин эътиқодот ва афкоре ба вуҷуд омадаанд, аммо бо мурури замон таъдил шудаанд ва дар ҳавзаи дин низ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Манзури мо ин аст ки эътиқодоти шахс ва муҳит таъсири муҳиме дар натиҷагирии додаҳои илмӣ доранд. Назарияҳои Дарвин ва шогирдонаш низ аслан барои муқобила бо калисо поярезӣ ва натиҷагирӣ шуда буданд, агарчи баъдан бархе аз онҳо мунтафӣ ва бархе дигар ислоҳу такмил дода шуданд.

Ба ҳамин тартиб метавон гуфт, ки донишмандони бузурге, чун  Ибни Сино,  Берунӣ,  Розӣ,  Хайём ва дигарон назарияҳои илмии худро таҳти таъсири дин поягузорӣ кардаанд. Ба ибораи дигар бархе донишмандон динро сарчашма ва маншаи аслии илм медонанд, аммо мусаллам ин аст, ки дин таъсири зиёде дар пайдоиши улум доштааст.

Аммо таъсири илм ба дин чӣ гуна будааст?

Аз замоне ки илм пешрафт кард ва ба кашфиётҳои нав даст ёфт бар фаҳми инсон аз дин низ бетаъсир намонд. Масалан, кашфиёти астрономӣ баъзан таъйидкунандаи мутуну оёти динӣ будаанд. Махсусан, дини ислом бо ёфтаҳои ҷадиди илм ҳеҷ мухолифате надорад, балки барои густариши он раҳнамоиҳои зиёде дар Қуръон вуҷуд дорад, ки донишмандон дар ин замина китобҳои бисёре навиштаанд.

Кашфиётҳои илми тиб дар асри нав муайиди хеле аз оятҳо ва аҳодиси набавӣ будаанд, ки ин бар фаҳми инсон аз дин бетаъсир нахоҳад буд. Ё худ мароҳили шаклгирии ҷанин чуноне ки дар Қуръон зикр шудааст, баъдан аз тарафи донишмандони тиб низ ба ҳамин сурат тасдиқ карда шуд.

Ҳадафи илм ин аст, ки қавоид ва муқаррароти оми ҳоким бар равобити мутақобил миёни ашё ва рӯйдодҳоро дар замон ва макони муайян кашфу баён намояд. Дин ва махсусан Ислом бо ин кашфиёт ҳеҷ мухолифате надорад, балки пайравони худро барои чунин кашфиёт ташвиқ ва тарғиб менамояд.

Инчунин мо бовар дорем, ки илм бо вуҷуди тамоми пешрафташ то имрӯз танҳо ба қисмате аз ҷанбаҳои пинҳони ҷаҳони офариниш даст ёфтааст ва шояд дар оянда низ ба бархе кашфиёти дигар дастрасӣ пайдо кунад, аммо ба таври ҳатмӣ медонем, ки илм ҳеҷ гоҳ ҷойи динро нахоҳад гирифт. Дин метавонад бо илм ҳамроҳ бошад ва барои илм тавзеҳот ё баёноте дошта бошад, вале илм наметавонад динро ба таври комил дар чаҳорчӯбаи қавоид ва муқаррароти худ ҷо дода онро шарҳу тавзеҳ диҳад.

Категория: Мақолаҳои исломи | Добавил: ilsamtj
Просмотров: 1992 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025