Сирри оятул-курсӣ
Албатта ҳамаи оятҳои Қуръони карим дорои фазилат ва баракат ҳастанд, ҳеҷ як аз оятҳои ин китоби муқаддас нест, ки дар он чанд ҳикмате нуҳуфта набошад, аммо дар мавриди баъзе аз сураҳои Қуръон ва
оятҳо ҳадисҳое ривоят шудааст, ки азамат ва бузургии онҳоро бештар
баён мекунад, ба монанди ин, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:
عن أبي هريرة رضي
الله عنه قال: قال
رسول الله صلى الله
عليه وسلم : "{قُلْ
هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ} تعدل
ثلث القرآن" رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «(Сураи) Қул ҳуваллоҳу аҳад, муодили
сеяки Қуръон аст».Аммо мавзӯе, ки мехоҳем баёни
онро дошта бошем сир ва фазилати оятул-курӣ аст ва ё чаро ин ояти каримаро сайиди оятҳои Қуръон
медонанд?
Худо фармудааст:
بِسْمِ
اللّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ
اللّهُ
لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ
الْحَيُّ الْقَيُّومُ لاَ تَأْخُذُهُ سِنَةٌ
وَلاَ نَوْمٌ لَّهُ مَا
فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ
مَن ذَا الَّذِي يَشْفَعُ
عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ
مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا
خَلْفَهُمْ وَلاَ يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ
مِّنْ عِلْمِهِ إِلاَّ بِمَا شَاء
وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَلاَ يَؤُودُهُ حِفْظُهُمَا
وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ.
«Аллоҳ
худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ў нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст, на
хобби сабук (пинак) Ўро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ўст ҳарчӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ў дар
назди Ў шафоат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми Ў ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота
натавонад ёфт. Курсии Ў осмонҳо ва заминро дар бар дорад. Нигоҳдории онҳо бар Ў душвор нест, Ў баландпояву бузург аст»
(Сураи Бақара: 255)
Пас чаро сайиди оятҳои Қуръон аст?
Зеро:
* Қоидаи асоси дин, ки тавҳиди холис аст, дар ин оят баён шудааст.
* Муодили сеяки Қуръон аст.
* Бошарафтарин ояти Қуръон аст.
* Дорои 50 калима аст, ки ҳар як калима дорои 50 баракат аст.
* Бештар аз 17 номҳои (асмои ҳусно) дар он зикр шудааст.
Вақти нузули оятул-курсӣ.
Ин ояти муборак дар шаб нозил
шудааст, чун ин оят нозил шуд ҳама бутҳо дар дунё ба замин афтоданд ва шайтон ҳам дар гурез шуд.
Чаро ояи курсӣ номида шудааст?
* Курсӣ асоси ҳукмро мегӯянд, ки он рамзи подшоҳон аст.
* Ин оят далолат ба улуҳияти мутлақ дорад.
* Бо лафзи Аллоҳ шурӯъ шудааст ва бо лафзи Алиюл-азим поён
ёфтааст.
* Ин оят ҳар касеро, ки ба он пойбанд бошад манзилат ва мартабаашро боло
мебарад.
Паёмбари Худо (с) дар баёни фазилати
ин оят фармудаанд:
لِكُلِّ
شَيْءٍ سَنَامٌ وَإِنَّ سَنَامَ
الْقُرْآنِ سُورَةُ الْبَقَرَةِ وَفِيهَا
آيَةٌ هِيَ سَيِّدَةُ آيِ
الْقُرْآنِ هِيَ آيَةُ الْكُرْسِيِّ
«Ҳар чизе дорои саном (баландии пушти шутурро гӯянд, яъне нуқтаи баландие) аст ва саноми Қуръон сураи Бақара аст ва дар ин сура ояте ҳаст, ки сайиди оятҳои Қуръон аст ва он ояти курсӣ аст».
Касе ин оятро дар чор гушаи хонааш
бихонад, ҳамчун посбоне мешавад, ки шайтонҳо аз онҷо
мегурезанд.
Касе ин оятро дар шаб бихонад то субҳ дигар
шайтон ба онҷо намедарояд.
Касе ин оятро қабл аз хоб
рафтан барои худ ва фарзандон бихонад дар ҳифзи Худо гашта, шайтон то субҳ ба онон наздик намешавд ва ҳамчунин гирифтори хобҳои тарснок ва даҳшатовар намегардад.
Ин ояти муборак дорои фазилатҳои бешуморе
аст, аммо чун матлаб тулонӣ ва
барои хонанда мушкил нагардад ба ин чанд нукта иктифо намудем.
Поёнсухан:
Худоё! Касе ин сафҳаро
мекушояд ва аз сидқ онро мехонад баракотро аз осмон барои ў фурӯд овар ва аз ҷаннати беҳамтоят маҳрумаш
нагардон.
|