Қисаи Марями муқаддас дар Қуръон
«Ва фариштагон гуфтанд:
«Эй Марям, Худо туро баргузид ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ
дод!
(Сураи Марям: 42)
Торикӣ ва ҷаҳолат ҳама ҷонибҳои ҳаёти зиндагии Бани
Исроилро фаро гирифта буд, дини покеро, ки Худо ба онҳо бахшида буд фасод
карданд ва танҳо ақидаҳои таҳрифшударо барои худ ихтиёр менамуданд. Онҳо ғадру
хиёнат ба бародар ва яке бар дигареро бар худ ҳаром намедонистанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ақидаи ботили
худро ба ҳақ табдил намекарданд.
Миёни ин ҳама
палидиҳо буд, ки як ҷуфти
Худотарс, Имрон ибни Матон ва ҳамсараш Ҳанна бинти Фоқуз, аз ҳама лаҳву лаъби яҳудиҳо канораҷӯӣ
карда танҳо Худоро мепарастиданд. Имрон ва ҳамсараш аз ҷумлаи касоне буданд, ки бефарзанд
зиндагӣ ба сар мебурданд. Рӯзе Ҳанна зери сояи дарахтон
нишаста буд ва гунҷишкеро
дид, ки ба чуҷааш
ғизо меорад, инҷо
буд, ки ғаризаи модарӣ дар дили Ҳанна ҷӯш
зад ва аз Худо хост, ки барояш фарзанде ато кунад то онро дар хидмати
Байтулмуқаддас бигузорад.
Фармудаи Худост:
إِذْ قَالَتِ امْرَأَةُ عِمْرَانَ رَبِّ إِنِّى نَذَرْتُ لَكَ
مَا فِى بَطْنِى مُحَرَّرًا فَتَقَبَّلْ مِنِّى إِنَّكَ أَنتَ السَّمِيعُ
الْعَلِيمُ) )
«Ва зани Имрон гуфт:
«Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, озод бошад
(яъне аз кори ин ҷаҳон
озоду танҳо дар хидмати Ту бошад). Ин
назрро аз ман бипазир, ки бешак Ту шунаво ва доноӣ».
(Сураи Оли Имрон: 35)
Худо дуои ӯро пазируфт, аммо ҳикмати
Худо чунин будааст, ки барояш фарзанди духтар насиб гардонад.
Фармудаи Худост:
(فَلَمَّا وَضَعَتْهَا قَالَتْ رَبِّ إِنِّى وَضَعْتُهَا
أُنثَى وَاللّهُ أَعْلَمُ بِمَا وَضَعَتْ وَلَيْسَ الذَّكَرُ كَالأُنثَى وَإِنِّى
سَمَّيْتُهَا مَرْيَمَ وِإِنِّى أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ
الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ)
Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар
аст ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст ва
писар чун духтар нест. ӯро Марям ном ниҳодам. ӯ
ва фарзандонашро аз шайтони раҷим
дар паноҳи Ту меоварам».
(Сураи Оли Имрон: 36)
Паёмбари Худо (с) дар ин бора фармудаанд:
كل بنى آدم يمسه الشيطان يوم ولدته أمه إلا مريم وابنها
«Ҳамаи Бани Одамро шайтон дар вақти аз модар таваллуд
шуданаш даст мезанад, магар Марям ва писарашро.
(Муслим)
Аммо Марями хурдсолро падараш ба ӯҳдаи
модараш вогузошт ва дунёро падруд гуфт. Модараш чуноне, ки ӯро
барои хонаи Худо назр карда буд, барои пойбанд мондан ба паймонаш ӯро
ба Ҳайкал (қурбонгоҳ дар ибодатхонаи яҳудиён) бурд, ва аз Худо хост то назрашро
қабул фармояд:
Фармудаи Худост:
(فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٍ وَأَنبَتَهَا
نَبَاتًا)
«Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ
аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш
дод…»
(Сураи Оли Имрон: 37)
Вақте аҳбор (пешвоён ва рӯҳониёни яҳуд) Марями
хурдсолро диданд Худо дар синаи онҳо муҳаббати ин тифли хурдсолро андохт ва
миёни онҳо барои кафолати ӯ кашмокаш эҷод шуд. Закариё
(а), ки аз ҳамаи онҳо дар сол бузургтар буд, гуфт: «Кафолати Марямро ман ба ӯҳда
хоҳам гирифт, зеро ҳамсари ман холаи ӯст, аммо аҳбор дархости
Закариёро напазируфтанд. Закариё гуфт: қуръаандозӣ мекунем ва насиби ҳар кас,
ки буд ҳамон шахс кафолати ӯро ба ӯҳда
мегирад.
Фармудаи Худост:
وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يُلْقُون أَقْلاَمَهُمْ أَيُّهُمْ
يَكْفُلُ مَرْيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يَخْتَصِمُون
«он гоҳ, ки қуръа
заданд, то чӣ касе
аз миёнашон ӯҳдадори
нигаҳбонии Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон
набудӣ».
Пас аз қуръаандозӣ маълум гардид, ки кафолати
Марями хурдсол насиби Закариё будааст. Закариё барои Марями хурдсол ходимаеро
ихтиёр кард, ки то бузург шуданаш дар меҳроб ба ӯ хидмат намояд. Закариё (а),
ҳамеша пас аз иҷозат
хостан ва салом гуфтани бар Марям, ба назди ӯ дохил мешуд ва ӯ
барояш обу ғизо меовард. Ҳаргоҳ Закариё (а) ба назди Марям медаромад, Марям (а)
ба наздаш табақе пур аз меваро мегузошт. Закариё дар тааҷуб меафтод, ки чӣ
гуна меваҳои тобистонаро дар замистон ва меваҳои зимистонаро дар тобистон дар
назди Марям мебинад. Закариё даҳшатзада шуда мепурсид: Эй Марям, ин аз куҷост?
Марям мегуфт: Худо инро бароям арзонӣ
доштааст.
Фармудаи Худост:
(كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيْهَا زَكَرِيَّا الْمِحْرَابَ وَجَدَ
عِندَهَا رِزْقاً قَالَ يَا مَرْيَمُ أَنَّى لَكِ هَـذَا قَالَتْ هُوَ مِنْ عِندِ
اللّهِ إنَّ اللّهَ يَرْزُقُ مَن يَشَاء بِغَيْرِ حِسَابٍ)
«Ва ҳар вақт,
ки Закариё ба меҳроб назди ӯ
мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ
медид, мегуфт: «Эй Марям, инҳо барои ту
аз куҷо
мерасад?» Марям мегуфт: «Аз ҷониби
Худо», ҳаройна ӯ
ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ
медиҳад.
(Сураи Оли Имрон: 37)
Инҷо
буд, ки Закариё пас аз дидани азамат ва бузургии Парвардигораш аз ӯ
таоло хост, то барояш фарзанде рӯзӣ
фармояд, ки дар зиндагӣ дастгирӣ
ӯ
бошад.
Фармудаи Худост:
(هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُ قَالَ رَبِّ هَبْ لِى مِن
لَّدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاء.فَنَادَتْهُ
الْمَلآئِكَةُ وَهُوَ قَائِمٌ يُصَلِّى فِى الْمِحْرَابِ أَنَّ اللّهَ يُبَشِّرُكَ
بِيَحْيَى مُصَدِّقًا بِكَلِمَةٍ مِّنَ اللّهِ وَسَيِّدًا وَحَصُورًا وَنَبِيًّا
مِّنَ الصَّالِحِينَ)
«Дар он ҷо
Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ
фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуъоро мешунавӣ».
Пас ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. ӯ
(Яҳё) калимаи Худоро тасдиқ мекунад
ва пешвою порсо ва паёмбарест аз шоистагон».
(Сураи Оли Имрон: 38-39)
Солҳо мегузашт Закариёи пирсол боз ҳам пирсолтар мешуд ва
чун дид, ки дигар кафолати Марям аз тавоноияш берун аст, аз Бани Исроил хост то
яке аз онҳо кафолати Марямро ба душ бигирад. Боз Бани Исроил дар миёни худ
қуръаандозӣ карданд ва ин дафъа кафолати Марям насиби бачаи
холаи худ, марди шарифу Худотарс Юсуфи Наҷҷор
гардид. Юсуфи Наҷҷор
аз паси парда барои Марям таом ва шаробашро мегузошт, ҳамин гуна Марям, ки
акнун духтари ҷавон
шуда буд, аз ҳамаи мардум дурӣ ҷуста касе ӯро
ва ӯ касеро намедид.
Боре Марями пок, ки саргарми тоату ибодати Парвардигораш буд
Ҷабраил (а)
бо фармони Худо ба наздаш омад ва ӯро ба фарзанде, яъне Масеҳ
мужда дод.
Фармудаи Худост:
قَالَتْ إِنِّى أَعُوذُ بِالرَّحْمَن مِنكَ إِن كُنتَ
تَقِيًّا. قَالَ إِنَّمَا أَنَا رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَامًا زَكِيًّا.
قَالَتْ أَنَّى يَكُونُ لِى غُلَامٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِى بَشَرٌ وَلَمْ أَكُ
بَغِيًّا. قَالَ كَذَلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَى هَيِّنٌ وَلِنَجْعَلَهُ آيَةً
لِلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِّنَّا وَكَانَ أَمْرًا مَّقْضِيًّا
«Марям гуфт: «Аз ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам, агар
парҳезгор бошӣ». Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту
ҳастам, то туро писаре покиза бибахшам». Гуфт: «Аз куҷо
маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ
инсоне ба ман даст назадааст ва ман бадкора ҳам набудаам».
Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман
осон аст. Мо он
писарро барои мардум оятеву
бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта».
(Сураи Марям: 18-21)
Вақте нишонаҳои ҳамлдорӣ дар Марям (а) намоён шуд
шарм бар ӯ ғалаба намуд. ӯ аз тарси онки қавмаш ба ӯ
носазоиҳо хоҳанд гуфт ба водие паноҳ бурд. Қавмаш ҳар ҷо ӯро меҷустанд, аммо касе аз ӯ
хабаре надод. Вақте дарди фарзанд ба ӯ фаро расид ба назди дарахти
хурмое рафта ва онҷо
нишаст ва гирёкунон мегуфт: эй кош қабл аз ин мемурдам ва ба боди фаромӯшӣ
мерафтам, то касе аз ман хабаре намедошт.
Инҷо
буд, ки Парвардигораш Ҷабраилро
фиристод, то ба ӯ таскин бахшад.
Фармудаи Худост:
(فَنَادَاهَا مِن تَحْتِهَا أَلا تَحْزَنِى قَدْ جَعَلَ
رَبُّكِ تَحْتَكِ سَرِيًّاوَهُزِّى إِلَيْكِ بِجِذْعِ النَّخْلَةِ تُسَاقِطْ
عَلَيْكِ رُطَبًا جَنِيًّا. فَكُلِى وَاشْرَبِى وَقَرِّى عَيْنًا فَإِمَّا
تَرَيِنَّ مِنَ الْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِى إِنِّى نَذَرْتُ لِلرَّحْمَنِ صَوْمًا
فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنسِيًّا)
«Аз зери ӯ (поёни Марям) нидо дод (Ҷабраил ё Исо):
«Ғамгин мабош, Парвардигорат аз зери пои ту ҷӯи
обе равон сохт». Дарахтро биҷунбон,
то хурмои тоза бароят фурӯ резад. Пас, эй зан, бихӯру
биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ,
бигӯй: «Барои Худои раҳмон рӯза
назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан
намегӯям».
(Сураи Марям: 24-26)
Марями муқаддас, ки Масеҳро ба дунё оварда буд, пас аз
шунидани суханҳои Парваридигораш оромӣ ва таскин бар дилаш пирӯз
шуд ва Масеҳи тифлакро бардошта ба сӯи қавмаш равон гашт.
Бубин, ки Худои меҳрубон ҳеҷгоҳ
бандагони покашро фаромӯш намекунад. Вақте Марями
муқаддас тифлаки чандрӯзаи Масеҳро дар бағал гирифта
ба назди қавмаш меорад, бузургон ва ҳавориён ҳама пеш аз омаданаш ҷамъ омада
буданд, то Марямро барои ин кардаи, ба гуфтаи онҳо нанговараш, сарзаниш
кунанд. Онҳо аз ӯ
мепурсиданд: чаро ба ин кори дар оини мо нораво даст задӣ?
Оё ту духтари Имрон нестӣ? Оё падари ту аз мардони роҳи Худо набуд? Оё мо
туро духтари покдоман ва хидматгузори ибодатгоҳ намешумурдем? Ин чӣ
шармандагист?
Сухани Худост:
(يَا أُخْتَ هَارُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ امْرَأَ سَوْءٍ وَمَا
كَانَتْ أُمُّكِ بَغِيًّا)
«Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буд ва на модарат
зане бадкора».
(Сураи Марям: 28)
Марям чизе намегуфт, магар инки ба тарафи тифлакаш ишора
мекард. Мардум бо тааҷуб
мегуфтанд: яъне мо бо ин тифл сухан бигӯем?
Инҷо
буд, ки Худо тифлаки чандрӯзаи Марями муқаддасро ба
сухан даровард ва гуфт:
Сухани Худост:
(قَالَ إِنِّى عَبْدُ اللَّهِ آتَانِى الْكِتَابَ وَجَعَلَنِى
نَبِيًّا. وَجَعَلَنِى مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنتُ وَأَوْصَانِى بِالصَّلَاةِ
وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا. وَبَرًّا بِوَالِدَتِى وَلَمْ يَجْعَلْنِى
جَبَّارًا شَقِيًّا. وَالسَّلَامُ عَلَى يَوْمَ وُلِدتُّ وَيَوْمَ أَمُوتُ
وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا)
«Ман бандаи Худоям, ба ман китоб дода ва маро паёмбар
гардонидааст.
Ва ҳар ҷо,
ки бошам, маро баракат дода ва то зиндаам, ба намозу закот васият кардааст. Ва
низ некӣ кардан ба модарам. Ва маро гарданкашу бадбахт
насохтааст. Салом бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе,
ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда карда мешавам!»
(Сураи Марям: 30-33)
Ҳамаи онҷо
будагон ба даҳшат омаданд ва баъзе аз ҳайрат ба қафо мегурехту дигаре аз ҳуш
рафта ба замин меафтод, нишонаҳои покии Марям акнун баён мешуду ӯ
Худоро ҳамд мегуфт. Аммо душманони Худо аз тарси молу ҷоҳ боз ҳам аз душманӣ
бо ӯ даст накашиданд. Подшоҳи ситамгари яҳуд
аскаронеро фиристод то фарзанди ӯро ба қатл расонанд, аммо
нақшаи Худо чӣю ҳилаи маккорон куҷо,
Марями муқаддас бо кӯмаки Юсуфи Наҷҷор тифлакро
бардошта ба Миср ҳиҷрат
намуд, ки онҷо
дувоздаҳ солро сипарӣ карданд. Пас аз шунидани
марги ин подшоҳи ситамгар боз ба Носирияи Фаластин баргаштанд. Фарзанди Марями
муқаддас Исои Масеҳ (а) сӣ сола буд, ки Худо рисолати
нубувваташро ба ӯ фиристод ва модараш низ дар
ҳар пастӣ ва баландиҳои рӯзҳои нубувваташ бо ӯ
шарику ҳамдард буд. Яҳудиён, ки акнун бардошти суханҳои ин Паёмбари Худоро
надоштанд бо ҳар ҳилаву найранг мехостанд ӯро ба қатл бирасонанд. Боре
ба гумони инки Масеҳро дастгир кардаанд, дар ҳоле, ки Худо яке аз шогирдони
хоинаш Яҳузоро ба Исои Масеҳ ҳамонанд карда буд дастгир карданд ва зинда ба
салиб овехтанд, аммо ин худобехабарон аз куҷо
медонанд, ки Исоро Худо ба наздаш бардоштааст, Сухани Худост, ки мефармояд:
«Ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд: «Мо Масеҳ, писари Марям,
паёмбари Худоро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор
наовехтанд, балки ин амр барояшон монанд шуд. Ҳаройина он, ки дар бораи ӯ
ихтилоф мекарданд, худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он яқин надоштанд. Танҳо
пайрави гумони худ буданд ва Исоро ба яқин накушта буданд, балки Худованд ӯро
(Исоро бо баданаш) ба назди худ боло бурд, ки Худо пирӯзманду
ҳаким аст»
(Сураи Нисо: 157-158)
Пас аз панҷ
соли танҳоӣ Марями муқаддас дар синни 53 солагӣ аз дунё даргузашт. Ба гумони бештари
таърихнигорон Марями муқаддас дар сарзамини Сурия, наздикиҳои шаҳри Димишқ гуронида шудааст.
Паёмбари Худо (с) низ Марям модари Исо (а)-ро беҳтарини
занҳои дунё хондааст, ӯ (с) мефармояд:
(:"خير نساء العالمين: مريم، وآسية، وخديجة، وفاطمة"
[ابن حبان].
«Беҳтарини занҳои дунё: Марям,
|