Мехоҳи 70 ҳазор малоика ба ту дуруд
фиристад?
Мехоҳи дар
вақти мурданат шаҳид шави?
Бо хондани
рӯзмараи се ояти охири сураи Ҳашр бишитоб. Шояд на бештар аз як дақиқа вақти
туро мегирад аммо ҳафтод ҳазор малоика дар он рӯз ба ту дуруд мегӯяд ва агар
дар ҳамон рӯз, ки ин се оятро хондаи марг бар сарат оят манзилати шаҳидонро
хоҳи дарёфт.
Дар ҳадисе,
ки онро Маъқал ибни Ясор (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят кардааст, омадааст:
«Касе дар субҳ се
маротиба «Аъузу биллоҳи-с-самиъил алим мина-ш-шайтони-р-раҷим (яъне ман аз
Худои шунавандаву доно аз шайтони рондашуда паноҳ мебарам)» гӯяд ва се ояти
охири сураи Ҳашрро бихонад Худованд ҳафтод ҳазор малоикаро муваккал месозад то
бар он банда то шомгоҳ дуруд гӯянд, агар дар он рӯз
бимирад ӯ шаҳид мурдааст. Ва касе онро дар шаб бихонад ҳамон манзилат ба ӯ
хоҳад буд»
Ҳадисро Имом
Тирмизӣ ривоят кардааст ва гуфтааст: ҳадис ҳасан ва ғариб аст.
Чунин аст, ки мегӯи:
«Аз Худои шунавандаву
доно аз шайтони рондашуда паноҳ мебарам»
«Аз Худои шунавандаву
доно аз шайтони рондашуда паноҳ мебарам»
«Аз Худои шунавандаву
доно аз шайтони рондашуда паноҳ мебарам»
ӯст Худои
ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Донандаи ниҳону ошкор ва бахшояндаву
меҳрубон аст! ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ
Худое дигаре барҳақ
ҷуз ӯ нест, фармонравост, пок
аст, саломат аст (аз
ҳар айбу нуқс), эминибахш аст,
нигаҳбон аст, пирӯзманд
аст, ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ барои ӯ шарик
қарор медиҳанд, пок аст! ӯст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш
аст, номҳои некӯ ӯрост. Ҳар
чӣ дар осмонҳо
ва замин аст, тасбеҳгӯйи ӯ ҳастанд ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
|