Категории раздела

Мои статьи [4]

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 01.07.2025, 10.58.28
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Каталог статей


Главная » Статьи » Мои статьи

таърих

Сафаҳоти сиёҳи таърих

Ҷаҳони салибдорон барои хориҷ сохтани шаҳри мукаддаси Байтулмукаддас аз контроли мусалмонон ва соҳиб шудан ба боигарии манотики Ховари миёна солҳои тӯлонӣ тавтиъаву талош намуданд. Дар ин роҳ онҳо аз роҳҳу василаҳои мухталифи иръобу фишор алайҳи мусалмонон кор мегирифтанд,то ба аҳдофи шуми хеш даст ёбанд. Пуштибониву истифола аз давлати вакти Византия дар ин росто аз назари тарроҳони салибиён роҳи муассири пиёда намудани аҳдофи пеш гузошта шуда маҳсуб меёфт. Папаи Урбан 2 дар шикасти мусалмонон ва тасарруфи шаҳри Байтулмукаддас ба дасти салибиён салоҳу манофеъи худро медид ва ба ин хотир дар садади иҷрои тарҳи махуфи салибиён шуд. Ӯ зимни яке аз суханрониҳои худ дар калисои ҷомеъи Клермонтски Византия бо ишора ба зарурати тасарруфи шаҳри Байтулмукаддас аз ҷумла чунин хитоб намуд: «Замине, ки рӯи он ҳазрати Исо кадам ниҳода буд, акнун хориҷ аз дасти пайравони ӯст ва ҳамакнун мусалмонон дар ин замин ҳукумат мекунанд. Ҳар масеҳӣ бояд тасарруф ва баргардонидани ин замини мукаддасро аз дасти мусалмонон вазифаи худ бидонад. Акнун замони он фаро расидааст,ки мусаллаҳ шавем ва бо гузоштани манзилу кошонаи хеш бояд барои ба даст овардани шаҳри мукаддаси Байтулмукаддас равонаи набард бо мусалмонон гардем».

Суханронии ҳисобиву таҳрикомези Папаи Урбан 2 эҳсоси зиддимусалмонии масеҳиёнро шадидан барангехт ва онҳоро омодаи юриш алайҳи Байтулмукаддас намуд.

Таъсири суханони муғризонаи Папаи Урбан ба андозае буд,ки ҷамъомадагони таҳти таъсири суханронии рӯҳонӣ карор гирифта, шурӯъ ба сар додани шиори «Инро Худованд мехоҳад» намуданд. Бо иттихози тасмими ҷанг масеҳиёни фирефта озими набард бо мусалмонон шуданд ва ҳамин тавр юриши салибиён алайҳи мусалмонон ва шаҳри Байтулмукаддас оғоз ёфт.

Баъд аз тадорукоти зиёд артиши салибиён вориди амал ва ба сӯи Байтулмукаддас сарозер гардид. Аммо дар пайи муковимати шадиди мусалмон хайли сарозер шудаи салибиён таҳти фармондеҳии султони салҷукӣ Аслон торумор гардид. Кисмати ками зинда мондаи салибиён бо гузоштани силоҳ ба замин рӯ ба фирор ниҳоданд. Кисмати дигари бокӣ мондаи салибиён баъдан бо пайвастани ба артиши муназзами салибиён ба сӯи Истамбул ҳамла оварданд. Аммо нерӯҳои султон Аслон салибиёнро дар наздикии Аскишаҳир мутаваккиф намуданд. Нерӯҳои мусалмонон бо роҳбарии султон Аслон бо усули ҷанги туркӣ салибиёнро ғофилгир намуданд, вале танҳо расидани нерӯҳои тозанафаси салибиён аз пушт боис шуд,ки дар мукобили тактикаи ҷангии ба кор бурдаи мусалмонон салибиён аз торумори комил наҷот ёбанд.

Дар маҷмӯъ дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиду ғофилгиронаи нерӯҳои султон Аслон даштҳои беканори Анатолия маҳали мадфани ҳудуди 500 ҳазор нерӯи салибиёни муҳоҷим гардид. Вале дар ҳамлаи тоза ба шаҳри Байтулмукаддас 100 ҳазор нерӯи ҷангии салибиён сафарбар шуд. Як моҳ мудофеъони Байтулмукаддас дар мукобили артиши бузурги салибиён шуҷоъона муковимат нишон доданд, аммо баъд аз муҳосираи тӯлонӣ 15 июли соли 1099 салибиён ба шаҳр зада даромаданд. Дар шаҳр бо дасти салибиён катли омми мардум оғоз ёфт. Занон,кӯдакон ва пиронсолон бераҳмона тавассути салибиён дар шаҳр ба катл расонида мешуданд. Салибиён ҳатто ба занону кӯдакони дар масҷиди Умар ва ибодатгоҳи Сулаймон паноҳ бурда раҳм накарданд ва ҳамаро яксара катли омм намуданд. Аз куштори бераҳмонаи мардуми ғайринизомӣ дар Байтулмукаддас то ба зону шаҳр ғарк дар хун шуда буд. Ба дунболи куштори бераҳмонаи дастаҷамъӣ, салибиёни сармаст даст ба ғорату дуздӣ заданд. Дар маҷмӯъ, салибиён дар натиҷаи катлу куштори ба роҳ андохтаи худ 70 ҳазор мусалмонро дар шаҳри Байтулмукаддас бо фаҷиътарин шева ба куштан доданд ва яҳудиёнро зинда ба зинда дар дохили каниса тӯъмаи оташ намуданд.

Категория: Мои статьи | Добавил: ilsamtj (14.11.2011)
Просмотров: 876 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025