Категории раздела

Китобхонаи исломи [7]
Қуръон Фиқҳ Ҳаёти саҳобагон

Календарь

«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 24.06.2025, 05.20.16
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Главная » 2011 » Ноябрь » 16 » 14 роҳи дарёфти подоши нек
18.44.16
14 роҳи дарёфти подоши нек

14 роҳи дарёфти подоши нек

Роҳҳои дарёфти подоши нек бисёр ва бешумор ҳастанд, ки онҳоро метавонем дар Қуръони карим ва суннати Паёмбари Худо, яъне бо далелҳои зиёде аз ин ду асоси шариат ба осонӣ дарёбем. Аммо чун нахостам мавзуъ тулонӣ гардад чанде аз ин роҳҳоро танҳо бо як далел аз суннати Паёмбари Худо иброз доштам:

1

Ахлоқи нек:

«Аз Паёмбари Худо пурсиданд, ки чи чизе бештар мардумро ба биҳишт ворид мекунад? Гуфт: тақво ва хушрафторӣ»

(Тирмизӣ: 2003)

2

Ростгӯ ӣ:

«Росгӯ иро пеша кунед, зеро ростгӯ ӣ ба сӯ и некӣ ва некӣ ба сӯ и ҷаннат мебарад»

(Бухорӣ: 10\423, Муслим: 2607)

3

Силаи раҳм:

«Раҳм бар арш овехтааст, мегуяд касе маро пайваста дошта бошад Худо он шахсро ба он мерасонад, ва касе маро биканад Худо онро аз ӯ  меканад».

(Бухорӣ: 10\350, Муслим: 2555)

4

Некӣ ба волидайн:

«ҳалок бод он касеки дар вақти зиндагии ӯ  падару модараш ва ё яке аз онон ба калонсолӣ бирасад ва ӯ ро ба ба биҳишт дохил накунад» (яъне хидмати онон ва яке аз ононро чунон накарда бошад, ки сабаби дохил шуданаш ба ҷаннат шавад)

5

Кафолати ятим:

«Ман ва кафолаткунандаи ятим дар ҷаннат ин гуна ҳастем» (ва ду ангушташро бо ҳам пайваст намуд).

(Бухорӣ: 10\365)

6

Тавба:

«Касе қабл аз тулуъ кардани офтоб аз мағриб тавба кунад, Худо тавбаашро мепазирад»

(Муслим: 2703)

7

Зикри Худо:

«Оё шуморо аз беҳтарини амалҳо, аз ҳама поктар дар назди парвардигоратон, аз ҳама пурбортар дар дараҷоти шумо ва аз ончи ки беҳтар аз нафақа кардани тило ва нуқра аст… хабар надиҳам? Гуфтанд беле. Паёмбари Худо гуфт: он зикри Худост.

(Тирмизӣ: 3347)

8

Кумак ба мардумон:

«Касе бар шахси мушкилдоштае осонӣ биёрад Худо барояш дар дунё ва охират осонӣ меорад».

(Муслим: 2699)

9

Тиловати Қуръон:

«Қуръонро бихонед, зеро он рӯ зи қиёмат шафоатгари соҳибаш аст»

(Муслим: 804)

10

Салом:

«Шумо вориди биҳишт намешавед то инки имон наёваред ва муъмин намешавед то инки бо ҳамдигар муҳаббат накунед. Оё шуморо аз чизе огоҳ накунам, ки агар анҷомаш диҳед бо ҳамдигар муҳаббат дошта бошед? Салом гуфтанро дар миёни худ мунташир созед»

(Муслим: 54)

11

Дӯ стӣ барои Худо:

«Худо дар рӯ зи қиёмат мегӯ яд: куҷоянд муҳаббаткунандагон …… имрӯ з онҳоро дар соягии худ, ки ҷуз он дигар соягӣ нест ҷой медиҳам»

(Муслим: 2566)

12

Аёдати бемор:

«Касе бемореро аёдат кунад дар хурфаҳои ҷаннат хоҳад буд,  то инки аз онҷо баргардад».

(Муслим 4\1989, зери рақами 2568).

13

Пушидани айби мардум:

«Ҳеҷ бандае айби бандаи дигареро дар дунё намепушонад магар инки Худо айбҳои ӯ ро дар рӯ зи қиёмат мепушонад»

(Муслим: 2590)

14

Фурӯ  бурдани хашм:

«Касе хашми худро фурӯ  мебарад, дар ҳоле, ки ба анҷом доданаш тавоно аст Худо ӯ ро дар рӯ зи қиёмат аз миёни мардумон мехонад то ҳар қадар, ки аз ҳурони айн мехоҳад барои худ ихтиёр кунад».

(Тирмизӣ: 2022)

 

Категория: Китобхонаи исломи | Просмотров: 1093 | Добавил: ilsamtj | Рейтинг: 2.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025