Ташаюъи сафавӣ куҷо ва ақлу мантиқ ва маънавият куҷо??
Имрӯз дар гузоришоти бисёр пурранг (дар расонаҳои дохилӣ, аммо камранг дар дилҳои мардум), сафари валиамри муслимини ҷаҳон! ба Кирмоншоҳ аз забони эшон нақл шуд, ки фармуданд, тамоми кишваҳои ҷаҳон чорае ҷуз ин надоранд, ки аз равиши Ирон пайравӣ куаннд, равиши ақлу мантиқ ва маънавият!
Банда ба унвони як шаҳрванди кӯчаки Ирон аз аъмоқи қалбам орзӯ мекунам, ки кош кишвари мо бар асоси ақлу мантиқ ва маънавият идора мешуд, то ин, ки сабаби сарфарозии Ирон ва ҳар иронӣ мегардид.
Аммо мутаассифона ба далели ин, ки кишвари мо ба дасти касоне идора мешавад, ки аз наҳҷу равиш ва фикру ақидаи шиаи исноашарии сафавиманиш пайравӣ мекунанд, бинобарин ҳам раҳбарон ва ҳам сиёсатҳои ҳоким, фарсангҳо то ақлу мантиқ ва маънавият, фосила доранд.
Мазҳабе, ки бар асоси хурофот ва хузаъбалоти зидди Қуръон шакл гирифта ва раҳбароне, ки иззату ифтихор ва қудрат ва ҳат
...
Читать дальше »