Категории раздела

Китобхонаи исломи [7]
Қуръон Фиқҳ Ҳаёти саҳобагон

Календарь

«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 24.06.2025, 05.12.39
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Главная » 2011 » Ноябрь » 16 » Имом Абўҳанифа: бурида намешавад.
18.49.01
Имом Абўҳанифа: бурида намешавад.

Имом Абўҳанифа: бурида намешавад.

 Яке аз хусусиятҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ ин аст, ки осонгир ва осонамал аст.

 Дар Қуръони карим дар мавоқеи бисёре омада аст, ки Худо барои шумо осонӣ мехоҳад на сахтӣ, ҳамон гуна ки Паёмбари Худо фармудаанд:

 «ман шариати нарм ва осон овардаам». 

 Агар ба ҳар масоилеки фатвои Имом Абўҳанифа дар он бошад ба умқ назар карда шавад хоҳем дид, ки масоили ин имом аз ҳама созгортар ба мизоҷи шариати исломӣ аст.

 Чун дар ибодот ва муомилот, ки ҳар фасле аз онро интихоб карда шавад равшан мегардад, ки фиқҳи ҳананфӣ осон буда бо мизоҷи шариати Муҳаммадӣ созгор аст, ба хилофи дигар мазоҳиб, ки дар онҳо ҷонибе аз сахтиро мулоҳиза карда мешавад. Аз ҷумлаи ин гуна масоил аҳкоми сирқат (дуздӣ) аст, ки орои Абуҳанифа ва дигар мазоҳибро дар бораи он зикр менамоем, ва дар инҷо хоҳем дид, ки мазҳаби Имом Абуҳанифа чи қадар осонгир ва мутобиқаткунанда ба жарфои тамаддун аст.

 Назди Абуҳанифа: нисоби дуздӣ кам аз кам як ашрафӣ мебошад.

 Имомони дигар: нисоби дуздӣ чоряки ашрафӣ мебошад.

 Имом Абўҳанифа: агар фарзанд моли падари худро дуздӣ намояд дасташ бурида намешавад.

 Имом Молик: бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: Зан ва шавҳар агар моли якдигарро дуздӣ намоянд, буридани дасти ҳеҷ кадом лозим намегардад.

 Имом Молик: лозим мегардад.

 Имом Абуҳанифа: дар як нисоб агар чанд нафар дузд бо ҳам ширкат дошта бошанд дасти ҳеҷ кадоми аз онҳо бурида намешавад.

 Назди Имом Аҳмад: дасти ҳамаи онҳо бурида мешавад.

 Имом Абуҳанифа: дасти тифли нодон бурида намешавад.

 Имом Молик: дасти ў бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: дасти қуръондузд бурида намешавад.

 Имом Шофеи ва Молик: дасташ бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: дасти кафандузд бурида намешавад.

 Имомони дигар: бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: дорандагони қаробати қарина, ба монанди бародару амак ва ғайра буридан дасти онон лозим намегардад.

 Имомони дигар: бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: агар касе чизеро ба таври амонат аз дигар кас бихоҳад ва баъд аз додани он инкор кунад, дасташ бурида намешавад.

 Имомони дигар: бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: чизҳоеки зуд вайроншаванда ҳастанд, дар ҳолати дуздӣ кардани онон даст бурида намешавад.

 Имомони дигар: дасташ бурида мешавад.

 Имом Абўҳанифа: касонеки ғайри мазҳаби исломӣ ҳастанд ва дар сарзамини исломӣ ба таври мустаъман зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати сар задани дуздӣ аз ҷониби онҳо дасташон бурида намешавад.

 Имомони дигар: дар ин сурат низ дасти онон бурида мешавад

 Мазҳаби Абўҳанифа ҳамингуна дар ҳама масоили ибодот ва муомилот роҳҳои осон ва мутобиқатгар ба шариати исломиро ихтиёр менамояд, то фармудаи Худо, ки осонӣ на сахтӣ аст ба ҷой орад.

 

Категория: Китобхонаи исломи | Просмотров: 1031 | Добавил: ilsamtj | Рейтинг: 1.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025