Категории раздела

Китобхонаи исломи [7]
Қуръон Фиқҳ Ҳаёти саҳобагон

Календарь

«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 24.06.2025, 05.46.47
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Главная » 2011 » Ноябрь » 16 » Бардошти гуноҳони дигарон
18.45.12
Бардошти гуноҳони дигарон

Бардошти гуноҳони дигарон

Имом Муҳаммади Ғазолӣ (раҳ) дар ёддоштҳои худ навиштааст: марде назди Имом Ҳасани Басрӣ омад ва гуфт: эй Абусаид! Фалон шахс туро ғайбат кард!

Ҳасани Басрӣ гуфт: инҷо биё, ва ба ӯ табақеро пур аз хурмо карда дод ва гуфт: ба назди он мард бирав ва барояш бигу: некиҳоятро ба мо доди, мо дар бадалаш ба ту хурмо овардем! Мард табақро бардошта ба назди он мард рафт.

Мақсад аз зикр намудани ин порчаи аз ҳикоят ин аст, ки умури ин дунё осон ва ночиз аст, баъзе аз мардумон некиҳои худро садақа мекунанд, пас касе ба ту ҳасад мекунад, ё касе аз ту хурдагирӣ ва айбҷӯи мекунад ва ё эрод мегираду ба ту мухолифат мекунад, чи мерасад? Чизе не, магар инки дар мезони некиҳои ту боз ҳам чизе афзуда мешавад.

Дар сирати ҳазрати Мусо (а), (Худо ба ҳақиқати ин қиса донотар аст) омадааст, ки нидо ба суи Худо карда гуфт: Эй Худои ман! Ман аз Ту хоҳише дорам. Худои азза-ва-ҷал гуфт: чист эй Мусо?

Мусо (а) гуфт: талаби ман ин аст, ки суханҳои мардумро аз ман бардори!

Худо дар посухаш гуфт: эй Мусо! Савганд ба иззат ва ҷалолам ин хоҳиши туро ҳатто аз худ набардоштаам, Ман ҳастам, ки онҳоро офаридаам ва ризқашон медиҳам ва онҳо ба ман бадгӯӣ ва ҳақорат мекунанд!! Субоҳоналлоҳ! Худое, ки ягонаву меҳрубон, танҳову бениёз аст ва ӯст, ки аз ӯ касе зоида намешавад ва касе ҳам ӯро назоида аст, ва на касе ҳамтои ӯст аз мардумон бадгӯи мерасад? Ин махлуқи заифу ночизе, ки аз як қатраи об офарида шудааст бо ба офаридагораш бадгӯӣ ва дашном мегуяд?

Дар Бухорӣ аз Абуҳурайра (р) ҳадисе ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо гуфтанд:

"قال الله-تعالى-شتمني ابن آدموما ينبغي له أن يشتمنيويكذّبني وما ينبغي له! أما شتمه فقوله: إن لي ولداواما تكذيبه فقوله: ليس يعيدني كما بدأني"

«Худои азза-ва-ҷал гуфт: ибни Одам ба Ман бадгӯи кард, ва ӯро муносиб нест, ки ба Ман бадгӯӣ кунад, бар Ман дурӯғ мегуяд, дар ҳоле, ки барои ӯ муносиб набуд! Дашноми бани Одам ин буд, ки гуфт: Ман фарзанд дорам, ва аммо дурӯғе, ки бар ман баст ин буд, ки гуфт: маро чуноне, ки офарид боз зинда намегардонад»[1].

Аз Аҳмад дар китоби «Аз-зуҳд» омадааст: Худои азза ва ҷалл мегуяд:

"عجبا لك يا ابن آدمخلقتك وتعبد غيري! ورزقتك وتشكر سواي! أتحبب إليك بالنعموأنا غني عنك! وتتبغض إليّ بالمعاصيوأنت فقير إليّ! خيري إليك نازلوشرّك إليّ صاعد"

«Тааҷуб ба ту эй бани Одам, Ман туро офаридам ва ғайр аз Манро мепарасти! Ман туро рӯзӣ медиҳам ва сипос касе дигарро мекуни! Дар ҳоле, ки ман аз ту бениёзам боз ҳам дӯст медорам то неъматҳоро ба ту фаровон созам! Аммо дар ҳоле, ки ту ба сӯи ман ниёзманди, бо анҷоми маосӣ ба ман душманӣ мекунӣ! Некиҳоям ба сӯи ту фуруд меоянд ва бадиҳои ту ба сӯи Ман меоянд».

Ёрони Паёмбари Худо (с) низ аз ҷумлаи башар буданд, аммо кирдор ва рафторашонро метавон улугуи ин маврид қарор дод. Дар миёни онҳо низ нофаҳмиҳое эҷод мешуд, ҳаёт ба онҳо низ носозгориҳое меандохт, аммо буданд, ки ба зудӣ боз ба суи ҳамдигарфаҳмию ҳамсозгорӣ ва муҳаббат бармегаштанд, зеро манбаи ахлоқ ва ҳамдигарфаҳмии онҳо аз як нуқтае сарчашма мегирифт, ки он ҳам «Ло илоҳа иллалоҳ Муҳаммадур-расулуллоҳ» буд. Ончи, ки дар миёни онҳо сар мезад далели он буд, ки аз доираи башарият берун набуданд ва ё Худо онҳоро фаришта наофарида буд, ва аз ин фармудаи Паёмбари Худо (с) "كل بني آدم خطاء"  «Фарзанди Одам хатокор аст»[2] ҳам берун нарафта буданд.

Саҳобагон ҳаргиз ба монанди фариштагон аз гуноҳ пок набуданд ва ё ба монанди варақи сафеде набуданд, ки дар он ҳеҷ нуқтаи сиёҳе дида намешуд. Онҳо низ монанди дигарон дар замин роҳ мерафтанд, мехурданду меошомиданд ва бо ҳамдигар дар корҳои дунявияшон таомул менамуданд, аммо бо доштани волотарин рафтор ва некуе, ки аз Паёмбари Худо (с) омухта буданд. Агар яке аз онҳо дар корҳое аз дунё мелағжид боз ба зудӣ барои ислоҳи худ мекушид то ба ҳамон сифоте, ки Қуръон аз онҳо васф кардааст, бозгардад.

Дар сирати Абубакр (р) омадааст, ки марде ба ӯ гуфт: эй Абубакр! Савганд ба Худо ин гуна ба ту дашном хоҳам дод, ки ҳамроҳат ба гурат меравад, Абубакр (р) гуфт: бо ман не, балки дашномат бо худат ба гур меравад!!

Чи дуруст гуфтанд Абубакр (р), дашном бо дашномшаванда ба гур намеравад балки бо касе меравад, ки забонашро аз дашном кардан бар бандагони Худо боз намедорад. Ин марди бехирад ба гумони инки агар ба Абубакр (р) дашном гуяд то ба қабр бо ӯ (р) меравад, чи бехирадист!

Инҷо лаҳзае бояд дар посухи Абубакр (р) низ таамул кард, ӯ (р) гуфт: «бо ман не, балки дашномат бо худат ба гур меравад!!» танҳо ҳамин буд посухи Абубакр (р)? Абубакр (р) ҳаргиз ба ӯ нагуфт балки ман туро ин гуна дашном медиҳам, ки ба гурат медарояд, ва чунону чунин мекунам ба ту…, танҳо ӯро огаҳ намуд, ки дашномат бо худат ба гур меравад.

Чи дуруст посух ва кирдоре аз Абубакр (р) ба чашм мерасад, зеро сухани зишту калимаи гуноҳовар чизе ҷуз ҳасрату надомат ва пушаймонӣ, барои касе, ки дар ҳақи бародараш суханони зишт мегуяд, намеорад.

[1] Бухорӣ 4\73.

[2] Тирмизӣ 4\569 зери шумораи 2499, ва Тирмизӣ гуфтааст, ки ҳадис ғариб аст. Ибни Моҷа 2\1420 зери шумораи 4251.

Категория: Китобхонаи исломи | Просмотров: 1489 | Добавил: ilsamtj | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025