Категории раздела

Китобхонаи исломи [7]
Қуръон Фиқҳ Ҳаёти саҳобагон

Календарь

«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Вторник, 24.06.2025, 07.03.43
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Главная » 2011 » Ноябрь » 16 » Ташаюъи сафавӣ куҷо ва ақлу мантиқ ва маънавият куҷо??
17.29.55
Ташаюъи сафавӣ куҷо ва ақлу мантиқ ва маънавият куҷо??

Ташаюъи сафавӣ куҷо ва ақлу мантиқ ва маънавият куҷо??

Имрӯз дар гузоришоти бисёр пурранг (дар расонаҳои дохилӣ, аммо камранг дар дилҳои мардум), сафари валиамри муслимини ҷаҳон! ба Кирмоншоҳ аз забони эшон нақл шуд, ки фармуданд, тамоми кишваҳои ҷаҳон чорае ҷуз ин надоранд, ки аз равиши Ирон пайравӣ куаннд, равиши ақлу мантиқ ва маънавият!


Банда ба унвони як шаҳрванди кӯчаки Ирон аз аъмоқи қалбам орзӯ мекунам, ки кош кишвари мо бар асоси ақлу мантиқ ва маънавият идора мешуд, то ин, ки сабаби сарфарозии Ирон ва ҳар иронӣ мегардид.

Аммо мутаассифона ба далели ин, ки кишвари мо ба дасти касоне идора мешавад, ки аз наҳҷу равиш ва фикру ақидаи шиаи исноашарии сафавиманиш пайравӣ мекунанд, бинобарин ҳам раҳбарон ва ҳам сиёсатҳои ҳоким, фарсангҳо то ақлу мантиқ ва маънавият, фосила доранд.

Мазҳабе, ки бар асоси хурофот ва хузаъбалоти зидди Қуръон шакл гирифта ва раҳбароне, ки иззату ифтихор ва қудрат ва ҳатто зиндагии худро мадюни ривоёти сохта ва дуруғине ҳастанд, ки ба ин хурофот ва ширкиёту бидъатҳои зидди ақл ва зидди мантиқ ва зидди маънавият, машруъият мебахшад, чӣ гуна мехоҳанд бар асоси ақлу мантиқ ва маънавият ҳукм кунанд ва кишварро идора намояднд?

Кадом ақлу мантиқ ва маънавият мепазирад, ки дар кишваре, ки ба номи Ислому Қуръон идора мешавад, ва санги адолати алавиро ба сина мезанад, як нафар бар 75 миллион инсони озод ва мустақил, чунон салтанате қоим кунад, ки ситамгартарин ва хушунаттарин диктотурҳои ҷаҳон ҳам аз он оҷизу нотавонанд.

Вилояти мутлақа, яъне салтанати як нафар ва бонди мавриди ҳимояташ бар 75 миллион инсон, ки дар миёни онон миллионҳо олиму донишманд ва профессорк дуктур ва муҳаққиқу нухбаи фарҳихта, вуҷуд дорад. Куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Кишваре, ки ҳар сол фақат 217 миллиард доллар нефт мефурушад, аммо оморҳои такондиҳандаи таваррум ва бекорӣ ва фақру фаҳшо ва эътиёду ғайрааш, арақи шарм бар ҷабини ҳар иронӣ менишонад. Куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Кишваре, ки хурду бурдҳои се милиардияш ҳам контрол намешавад ва фақат яке аз рехту пошҳояш 18 миллиард доллар аст, ки сар аз Туркия дармеоварад, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Афсонаи имоми замон ва нувоби арбаъа ва чоҳи Чамкарону номанависӣ бо... ва ҳоҷат хостан аз дару девор ва сангу чуб, гунбади тиллову нуқра ва кошӣ ва бранз ва қабру мурда ва авҳоми дигар, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Афсонаи имомату исмат ва бадову руҷъат ва садҳои хурофоти дигар, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгораст?!

20 % моли мардумро ба номи дину Худо ва Паёмбару Қуръон, бидуни ҳеҷ як далел ва мадрак, аз ҷайби онон берун кашидан ва сарфи хоҳишоти чанд Оятуллоҳ ва намояндаи дуруғини дин кардан ва миллатро ба фақру фаҳшо ва эътиёд бештар гирифтор кардан, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Номуси мардум аз духтари ширхор ва тифли ноболиғ ва зани шавҳардорро ба номи сиға ва издивоҷи муваққат ва дину Қуръон ва Паёмбару Аҳли байт (а) ба бистари ҳароми худ кашидан, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Ва ҷаноби валиамри муслимини ҷаҳон! дар кишваре ба паҳноварии Ирон бо таърихи даҳ ҳазор сола ва собиқаи таъриху тамаддун ва имрӯз бо миллионҳои олими донишманд ва муҳассил, бо дуруғу тақаллуб, раиси ҷумҳуре бар он қолаб кардан, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Дар кишвари имоми замон, ки бо номи Исломи ноб ва Қуръону Аҳли байти Паёмбар (с) ва зери назари ноиби масалан барҳаққи эшон, идора мешавад, каҳрезакҳо гушудан ва на танҳо ба Баҳоӣ ва даровеши гунободӣ ва Аҳли суннат, балки ҳатто имомии исноашарии ҷаъфарӣ ва валоӣ ва хумспардозон ва сиғадиҳандагон ва муқаллидони марҷеъияти ҷаноби олӣ ва амсоли шуморо, аъам аз зану мард, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додан, куҷояш бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Ҳатто дар он чӣ ҷаноби олӣ ба кишварҳои ҷаҳон машварат додед, ки аз Ирон биёмӯзанд ва бо ақлу мантиқ ва маънавият амал кунанд, дар баробари зулму ситам ва куштори Русия бар мусалмонони Чечен ва дар баробари зулму ситам ва куштори Чин бар мусалмонон Туркистони шарқӣ ва дар баробари зулму ситам куштори мусалмонони мазлуми кашмир ба дасти Ҳинд ва (ва хомуш истодан дар боробари амалҳои зидди қавонини Худо, аз бастани масоҷиду манъи ҳузури ҷавонон дар масоҷид ва ғайраи режими мустабиди Раҳмонов)*, сукут кардан ва масолеҳи сиёсиро тарҷеҳ додан, куҷояш адолати Алавӣ ва бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Дар Фаластини ишғолӣ аз як сӯ шиори дифоъ аз Фаластин сар додан ва пушти парда аз саҳюнист ҳимояту ҳиросат кардан ва бо Амрико алайҳи мусалмонони Фалатину Афғонистон ва Ироқ як даст ва ҳамкор шудан, куҷояш адолати Алавӣ ва бо ақлу мантиқ ва маънавият созгор аст?!

Дар Карабоғ куҳӣ, ҷониби Арманистони масеҳиро гирифтан ва Озариҳои аксаран шиаро бо пули хумси имоми замон, куҷояш адолати алавӣ ва зулму ситези ҳусайнӣ ва қобили тақлид барои дигарон ва мутобиқ бо ақлу мантиқ ва маънавият аст?! Нафармоед, ки дигар мардум бовар намекунанд, ва имоми замон ва ноибаш бештар бадному хароб мешаванд, дари тавбаи насуҳ ва аланӣ боз аст, кош аз фурсат истифода мекардед. Ва мо алайно иллал-балоғ.

· Ҷумлаи дар қавс буда аз они муаллиф нест.

 www.sunni-news.net

Категория: Китобхонаи исломи | Просмотров: 946 | Добавил: ilsamtj | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025