Агар аз сидк имон дорӣ:
-Аз ғаму
дарди дунёву охират раҳо
меёбӣ.
- Аз азоби дунёи
фонӣ ва дунёи бокӣ растагор мешавӣ.
- Ҳаргиз ворид ба ҷаҳаннам
нахоҳӣ шуд.
- Итминон дошта
бош, роҳе,ки меравӣ роҳи
рост аст.
- Соҳиби амну офияти дунёву охират гардидаӣ.
- Шоистаи ризои
Худованди хеш ҳастӣ
- Савоби Худои
воҳидро касб кардаӣ.
- Ба шарофати
Паёмбари Акрам (с) сазовор шудаӣ.
-Ҳар амали хайр,ки анҷом додаӣ, пазируфтаи даргоҳи
Ҳак аст.
- Кирдори нек ва
гуфтори некат макбули зоти Ҳак
хоҳад буд.
- Бароҳат метавон аз корҳои бад даст нигоҳ дорӣ.
-Ва ҳам осон метавонӣ амалҳои солеҳро
анҷом бидиҳӣ.
- Дар мусибат
дилтанг нахоҳӣ буд.
- Ба хотири
савоб ва хушнудии Аллоҳи
якто тоату ибодат бароят осон ва лаззатбахш мегардад.
-Аз тарси хашму ғазаби Худо аз гунаҳ ва маосӣ ҳамеша
худро дур нигоҳ медорӣ.
- Худованд
имонро маҳбуби дили ту карор
медиҳад.
- Дар дилат
куфру фиск ва саркашӣ аз
амри Худову Паёмбар зишт ҷилва
мекунад.
- Хушӣ ва нохушиҳои дунёро нодида мегирӣ.
- Дар мусибат ва
шикастҳо сабур хоҳӣ буд.
- Аз ҳар эҳсосе ба таҳрик
нахоҳӣ омад.
- Ҳамеша таслим ба ҳукми Худо ва розӣ ба такдир ҳастӣ.
- Аз ғуломӣ, вобастагӣ
ба дигарон ва хавфу умед аз махлукот озод мешавӣ.
- Бандагии Аллоҳи ягонаро ихтиёр мекунӣ.
- Ғайр аз Парвардигор аз ҳеҷ
касу чизе умед наменамоӣ.
-Ғайри Худои тавоно аз ҳеҷ
чизу касе наметарсӣ.
- Амали хайрат
кам бошад, ҳам имони
вокеъият онро зиёда мекунад.
- Ба рафтору
гуфтор ва кирдори некат чандин бор зиёдтар аҷру савоб мегирӣ.
- Хусусан
ихлосат дар тарозуи аъмол чунон гарон меояд,ки замину осмонҳо ба он баробар намеоянд.
-Шайтон ва иблис
дар баробарат хору залил мегардад ва тири имон иблисро забон бар ком медӯзад.
- Замиру калб
пурсафо ва дастҳо сахиву меҳрубон мегарданд.
-Ғаму андӯҳ аз дил берун меояд ва рӯҳияи шоду фараҳ
ҷойгузини он мешавад.
- Дил аз лағзишу ғафлатҳо
ва иртикоби гуноҳ эмин
бимонад.
-Муҳаббати Худо, тарс аз Худо тӯшаи ҳак мешавад дар бозгашт ба сӯи Ҳак.
-Ойинаи калбу
афкор сайкал мехурад.
- Дилу дида ва
чеҳраат мутаҷаллӣ
аз нури иллоҳӣ хоҳад буд.
- Бидуни имон
инсон танҳо колбудест,ки дар
он рӯҳу равон хушкидааст.
Рӯхан ва ҷисман солим ва дар баробари тамоми мушкилот шикастнопазир хоҳӣ буд.
- Ёди Худо ҳар лаҳза ва дар ҳама
ҳолот бо ту ҳамроҳу ҳамсафар
хоҳад буд.
-Беҳтарин ёвар ва мутакко дар ду олам хоҳӣ дошт.
Инсоне,ки аз вуҷуди имони ростин ва кавӣ бебаҳра аст, дар баробари фишору номулоиматиҳои рӯзгору зиндагӣ
аз ҳар лиҳоз осебпазир аст. Бо доштани имони вокеъӣ ва пойбанд будан ба он ин зиндагии чанд
рӯза маъниву мафҳум ба худ мегирад. Доштани имон барои
бандаи мӯъмин ҳадафи зиндагии ин дунёи фонӣ нест, балки он василаест,ки тавассути ҳифзу истикомат бар он бандаи мӯъмин роҳи расидан ба саъодати ин дунёву охиратро барои хеш тазмин
мекунад.
|