Чанд донистанӣ аз
паёмбарон.
Ягона касе, ки Худованд ба ҳаёти ӯ савганд ёд кардааст?
Паёмбари Худо Муҳаммад (с)
******
Ҳамонандтарин касон ба Паёмбари Худо (с)?
1-Ҷаъфар ибни Абутолиб
(писари амаки Паёмбари Худо)
2-Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталиб
(писари амаки Паёмбари Худо ва бародари разоияш.
3-Қусам ибни Аббос (писари амаки Паёмбари
Худо)
4-Соиб ибни Убайд ибни Абдуманоф
5-Ҳасан ибни Алӣ ибни
Абутолиб, ки аз ҳама бештар ба Паёмбари Худо мушобеҳ буданд.
******
Чи чизе аз санг офарида шуда буд, ва ки дар
санг паноҳ бурда буд ва кӣ бо санг ҳалок гашта буд?
Чизе, ки аз санг офарида шуда буд, шутури
Солеҳ (а) буд.
Касе, ки дар санг паноҳ бурда буд, асҳоби каҳф
буд.
Касе, ки бо санг ҳалог гашта буд, лашкари
Абраҳа буд.
******
Се лағжиши забоние, ки аз пброҳим (а) сар зада
буд?
1- Ба
дӯстон ва рафиқонаш гуфт ман имрӯз
беморам ва ҳамроҳ бо шумо ба идгоҳ рафта наметавонам.
2-
Вақте кофирон аз ӯ пурсиданд оё ту бутони моро
шикастӣ? Гуфт не балки ин кардаи бути калонӣ аст.
3- Вақте ҳамроҳ бо ҳамсараш Сора дар сарзамини
Намруд буд ва яке аз лашкариён аз ӯ пурсид ин ҳамсарат
аст? Гуфт не балки ин хоҳарам аст. Зеро Намруд гуфта буд аз он зан пурсед, ки
агар он мард шавҳараш бошад ӯро бикушед ва агар падар ё
бародараш бошад ӯро раҳо кунед.
******
Паёмбаре, ки ҳануз намурдааст?
Исо (а), ки Худо ӯро
ба осмон бардошт.
******
Паёмбаре, ки дар осмон қабзи руҳ шудааст?
Идрис (а).
******
Номи сарзамини Шом?
Сарзамини Шом аз номи Сом писари Нуҳ (а)
бармеояд. Сом ибни Нуҳ (а) дар ин сарзамин ҷойгузин
гашта буд
*******
Лағжиши Нуҳ (а)?
Нуҳ (а) ба саге нигарист ва гуфт чи бад
махлуқе аст ин саг, Худо ба ӯ расонид, ки аз ин
беҳтарашро халқ кун агар аз тавони туст.
|