Категории раздела

Китобхонаи исломи [7]
Қуръон Фиқҳ Ҳаёти саҳобагон

Календарь

«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 54

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Понедельник, 23.06.2025, 22.19.25
Хуш омадед! Гость | RSS
Sayftj.ucoz.org
Хона | Регистрация | Даромад
Главная » 2011 » Ноябрь » 16 » Оини Зардушт дар тарозуи таърих
16.54.25
Оини Зардушт дар тарозуи таърих

Оини Зардушт дар тарозуи таърих

Мустафо Ҳусайни Таботабоӣ (бо тасарруф)


Мо мусалмонон агар аз далолати Қуръон ва ривоятҳои паёмбарон сарфи назар кунем, ҳаргиз наметавонем ба ҳаққонияти Зардушт ва оини ў пай бибарем. Зеро, ки аввалан замони пайдоиши Зардушт ва шарҳи иқдомоти ў дар китобҳои таърих равшан нест. Дуввуман ин, ки китоби «Авесто», ки ба у нисбат дода шудааст, аз дигаргунии зиёду камшави маҳфуз намондааст. Пас на паёмбари ин оинро ба хубӣ метавон шинохт? на китобу паёми вайро ба дурустӣ метавон ёфт. Ҳатто замони зуҳури Зардушт маълум нест, ки вай дар кадом аср мезист?

Иброҳимпур Довуд, ки аксари зардуштиён вайро саркардаи авестошиносон медонанд, дар дебочае, ки бар «Гот»-ҳо нигоштааст, дар бораи замони Зардушт менависад: «Дар ин хусус ривоятҳо ба андозае гуногунанд, ки ҳаргиз сулҳу созише миёни онҳо наметавон дод».

Ў боз менависад: «Таҳқиқан намедонам маҳалли таваллуд ва замони зиндагии Зардушт куҷо ва кай буд. Чаро? Барои он, ки Зардушт мутааллиқ ба як замони бисёр қадим аст, ки дасти таърих ба остони баланди он намерасад».

Дар китобҳои зардуштиён омадааст, ки Искандари Мақдунӣ китоби Авесторо, ки дар «Дижи Напаштак» нигоҳдорӣ мешуд ба оташ кашид ва аз байн бурд. Ин диж бахше аз қасри подшоҳии тахти Чамшед ва ба манзалаи «дафтархона»-и онҷо буд. Чуноне, ки Тенсер Хербад замони Ардашер Бобакон дар ҳазору ҳафтсад сол пеш ба подшоҳи Табаристон навишт:

«Медони, ки Искандар аз китоби дини мо дувоздаҳ ҳазор пусти гов бисухт».

Номаи Тенсер аз масдарҳои бисёр қадими Ирони асри Сосонӣ ба шумор меравад, ки ибни Муқаффаъ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонидааст. Сипас ибни Исфандиёр дар «Таърихи Табаристон» онро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

Дар таъйиди ин нома зимни китоби Ардоверофнома мехонем, ки навиштааст:

«Аҳриман барои беэътиқод кардани мардум ба дин Искандари Румиро бархезонд ва ба ғорату вайронии Ироншаҳр фиристод, то бузургони Иронро бикушад. Ва ин дин монанди Авесто ва Зинд бар пусти гов пироста ва ба оби зарин навишта андар истахр дар Ганҷи напушт ниҳода буданд ва он Аҳриман Питёра Искандари Румиро барангехт, ки бисухт».

Пас аз нобуд шудани Авесто чанд бор онро аз руи ҳофизаҳо гирдоварӣ карданд. Вале ҳечгоҳ ба тамоми он даст наёфтанд. Он чи ҷамъоварӣ шуд низ аз тағйиру табдилу ихтилоф холӣ набуд.

Иброхимпур Довуд дар дебочаи Готҳо менависад:

«Тамоми суханони Зардуштро дар даст надорем. Фақат ҷузъи мухтасаре аз онҳо ба мо расид».

Дар бораи парешонӣ ва таҳрифи Авесто менависад:

«Ба номаи муқаддаси ирониён дар Тай рузгорон масоиби фаровон ворид омад. Агар сухан парешон ба назар расид бояд аз кашокаши рузгор гила намуд, на аз сароянда».

Боз менависад: «Динкард (яке аз китобҳои зардуштӣ) абадан дар умури динӣ марамматкорӣ надорад. Пойбанди таассуб ҳам нест. Сароҳатан мегуяд Авестое дар даст дорем, он китоби муқаддаси қадим нест».

Маълум аст оине, ки китоб ва ҳаёти он таҳриф шуда бошад ва таърихи зиндагонии паёмбарашҳам ба дурустӣ маълум набошад, агар бипазирем, ки замоне дархури пайравӣ будааст, имруз дигар давронаш сипарӣ шуда ва қобили пайравӣ нест.

Хеч дине бидуни шариат ё аҳком ва қавонин дин номида намешавад. Мо агар бихоҳем аз муқаррароти оини Зардушт огоҳ шавем, наметавонем ба готҳо басанда кунем, ки дар онҷо миқдоре ниёиш ва суруду пурсиш омадааст. Балки бояд ба бахшҳои дигари аз Авесто ҳамчун Вандидод бингарем ва дар онҳо ба тамошо биншинем. Дар Вандидод аҳкоми аҷибу ғарибе омадааст, ки тамоман мавриди пазириши ҳеч кас буда наметавонад. Вале чора чист? Дин беқонуну шариат намеояд. Пас ночор бояд даврони ин динро «ба охир расида» бидонем. Дар инҷо ба овардани намунаҳое чанд аз ин аҳкоми аҷиб басанда мекунем ва довариро ба худи зардуштиёни боинсоф месупорем.

Дар Вандидод дар робита ба зане, ки кудаки мурда таваллуд намудааст чунин ҳукмро таъйин кардааст:

(Эй офаринандаи ҷаҳони ҷисмонӣ ва эй муқаддас! бигӯ бидонам, нахустин хуроку ғизои ин зан чи хоҳад буд? Аҳурамаздо посух дод: Ин зан бояд як миқдор хокистари омехта бо пешоби гов ба андозаи се луқма, шаш луқма ё нуҳ луқма майл намояд).

Дар Вандидод саранҷоми касе, ки бар руи ҷасади мурда як нах биафканад чунин тайин шудааст:

(Агар як мазодпараст руи ҷасади мурда як чизи камарзиш ва агарчӣ ба қадри он чи аз дуки чулоӣ ва нахреси як духтари ҷавон боқӣ монда бидозад, то зинда аст порсо шумурда намешавад ва пас аз марг дар биҳишт ҷо нахоҳад дошт).

Дар Вандидод нисбат ба заноне, ки ҳайз дидаанд, чунин омадааст:

(Ин зан ҳаргоҳ пас аз нуҳ шаб боз ҳам дар хуни ҳайз бошад чунин маълум хоҳад шуд, ки девҳо дар ҷашну бузургдошти худашон офати худро ба ин зан нозил сохтаанд. Маздопарастон дар ин мавқеъ бояд як гузаргоҳ, ки аз дарахту гиёҳи холи бошад интихоб намоянд ва се сурох дар замин кунанд ва занро дар ду сурохи аввал бо пешоби гов ва дар сурохи саввум бо об шустушу диханд). Албатта ин шустушу махсуси зани ҳайздида нест. Вузуъ бо «гамиз» ё «гумиз» яъне ахлоти гов дар оини зардушти шуҳрат дорад. Зоҳиран хамин қонун ба Абуяълои Мааррӣ(шоири араб) расидааст, ки дар ҳамон замон ин шеърро сурудааст.

Дар шигифтам аз Хусраву пайравонаш, ки чеҳраҳоро бо пешоби гов мешуянд.

Дар оини зардуштӣ зане, ки ҳайз бинад уро истилоҳан «зани даштон» мегуянд, ки аҳкоми аҷибе дорад. Аз ҷумла дар Вандидод омадааст:

(Эй офаринандаи ҷаҳони ҷисмонӣ ва эй муқаддас! бигӯ бидонам марде, ки барои ин зан хурокҳамроҳ оварад (зане, ки ҳайз дидааст ва ё дар айёми қоидагӣ ҳаст) бояд аз вай чи миқдор фосила дошта бошад? Аҳурамаздо посух дод: Марде, ки барои ин зан хурок ҳамроҳ оварад – зане, ки нишони ҳайз дида ва ё дар қоидагӣ бошад- бояд аз вай се гом фосила дошта бошад. Дар кадом зарф бояд нон барои вай ҳамроҳ оварад ва дар кадом зарф бояд оби ҷав барои вай ҳамроҳ оварад? Дар як зарфи оҳанӣ ё сурбӣ ва ё ҳар зарфи пулодии маъмулӣ. Чи миқдор нон ва чи миқдор оби ҷав бояд ҳамроҳ оварад? Аҳурамаздо посух дод: Ду қитъа нони хушк ва як миқдор оби ҷав –шарбати ҷав- ва аз хурок кам мумкин аст нотавон ва заъиф шавад. Ҳаргоҳвайро кудаке даст занад бояд дастҳо ва сипас тани кудак шустушу шавад).

Издивоҷ бо маҳрам (яъне хоҳар ва ғайра) дар оини зардуштӣ нек шумурда шудааст ва зардуштиён ба чунин навъи издивоҷ тарғиб гаштаанд. Дар зимни яке аз пурсишҳое, ки аз як маъбади зардуштӣ шудааст чунин пурсидаанд: (Агар издивоҷ бо маҳрам бо модар ё хоҳаре бошад, ки умед ба бачадор шудани онҳо нест оё ин издивоҷ нек ва комил маҳсуб мешавад? Ва усулан ҳукм бар чунин издивоҷ чӣ гуна хохад буд? Оё савоби ҳар издивоҷи бо маҳрам яксон аст ё бахшҳое аз он дорои савоби бештаре хоҳад буд?) Дар посух мубади зардуштӣ чунин гуфтааст: (Издивоҷ бо маҳрам бо ҳар як се (яъне модар, хоҳар ва духтар) новобаста аз синну сол издивоҷи комил маҳсуб мешавад. Аз ин сабаб агар фарзанде ҳам ба вуҷуд наояд савоби ин издивоҷ кам намешавад).

Инҳо намунае аз аҳком ва шариати зардуштӣ аст. Ту худ ҳадиси муфассал бихон аз муҷмал!

Ин буд мухтасаре аз оини зардуштӣ, ки мутаассифона имрузҳо аз тарафи баъзе шахсони душмани ба ислом дошта албатта бо дастгирии кишварҳои салибӣ сари забонҳо қарор гирифтааст. Зардуштиён иддио мекунанд, ки мо бояд ба асли хеш баргардем. Мақсудашон аз асли хеш яъне диёнати зардуштӣ. Диёнате ки дар он шустушу бо пешоби гов ва парастиши фариштагону худоёни пароканда ва шаниътар аз он издивоҷ бо модару хоҳару духтар савоб маҳсуб мешавад.

Зардуштиён иддио доранд, ки дини мо аз ҳама динҳо бартар аст, зеро шиораш «Пиндори нек, гуфтори нек кирдори нек» аст. Ҷавоби ин гуфта ин аст, ки ҳамаи динҳо супориш бар пиндори нек, гуфтори нек мекунанд, ки бояд андеша, сухан ва амали писандида дошт. Аммо ихтилоф бар сари он аст, ки пиндор, гуфтор ва кирдори нек кадом аст? Оё доштани андешаи ширкомез ва парастиши фариштагон ва шустушу бо пешоби гов ва издивоҷ бо маҳрам аз ҷумлаи пиндорҳо ва кирдорҳои нек ҳастанд?

Манбаъ: www.turajon.com

Просмотров: 2927 | Добавил: ilsamtj | Рейтинг: 2.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Copyright MyCorp © 2025